Озмуни корҳои нек байни муҳоҷирон «СтоЛичные истории» дар Москва оғоз гардид

Фото:РИА Новости-Евгений Одиноков.

Аз 1 то 16 ноябр дар пойтахт озмуни якумини корҳои нек байни муҳоҷирон «СтоЛичные истории» баргузор мегардад. Дар бораи ин хадамоти матбуоти Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Москва хабар дод.»Аз 1 то 16 ноябр дар Москва Хазинаи ғайритиҷоратии «Технологияҳои байналхалқии интегратсионӣ» бо дастгирии департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии пойтахт дар соҳаи сиёсати муҳоҷиратӣ, мутобиқгардонии иҷтимоӣ ва маданӣ ва интегратсияи шаҳрвандони хориҷӣ озмуни «СтоЛичные истории» мегузаронад. Мақсади озмун — ба сокинони Москва дар боари кирдорҳои қаҳрамонона, хуб, ғайриоддии баъзан бо хатар барои ҳаёти худ алоқамандбудаи шаҳрвандони хориҷӣ нақл кардан аст, ки барои онҳо Россия ватани дуюм гаштааст, ки онҳо ҳатто дар вақти на он қадар осон ба кирдорҳои ҳақиқии инсонӣ ва ёрӣ ба атрофиён қодиранд», — хабар доданд дар хадамоти матбуот. Оиди кирдорҳои қаҳрамононаи муҳоҷирон ҳамаи хоҳишмандон нақл карда метавонанд. Барои ин дар сомонаи fondmit.ru дархост гузоштан лозим аст. «Дархостҳои воридгардидаро кумитаи ташкилии озмун, инчунин аъзоёни ҳайати ҳакамон, ки ба таркиби он намояндагони ҳукумати Москва, «Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратӣ»-и Москва, инчунин ҳамҷамъияти коршиносон дар соҳаи муҳоҷират вориданд, баррасӣ мекунад, Ғолибҳоро дар ҷамъомади ботантанаи тақдиркунӣ, ки 6 декабр дар пойтахт мегузарад, эълон мекунанд», — қайд карданд дар департамент.

Источник