Дар Москва мизи мудаввари «Рушди этномадании пойтахт»

Фото: mos.ru.

Дар Москва мизи мудаввари «Рушди этномадании пойтахт», ки ба рушди имкониятҳои миллӣ-мадании ҷамъияти пойтахт бахшида шудааст, баргузор гардид ва Лоиҳаи байналхалқии «Терроризм – таҳдид ба тамаддун» ҷамъбаст карда шуд. Санаи 27 октябр дар майдончаи МДБ «Хонаи миллатҳои Москва» ҷамъбасти Лоиҳаи байналхалқии «Терроризм – таҳдид ба тамаддун» барои соли 2022 ва мизи мудаввари иттиҳодияҳои миллӣ-маданӣ, ташкилотҳои ҳамдиёрон, ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва ҳамҷамъияти муҳоҷиратии шаҳри Маскав «Рушди этномадании пойтахт» баргузор гардиданд. Ба сифати ташкилотчиёни мизи мудаввар Ассотсиатсияи ҷамъиятҳои соҳибкории «Маркази муттаҳиди ҳамкории тиҷоратии ТДШ», ҳайати Шӯро оид ба корҳои миллатҳо дар назди Ҳукумати Маскав: оид ба рушди этномаданӣ, оид ба маориф, оид ба сиёсати муҳоҷиратӣ, оид ба сиёсати иттилоотӣ, оид ба кор бо ҷавонон, инчунин Шӯрои парасторони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва (ДДОМ), Хазинаи дипломатияи ҷаъмиятӣ ва Ҷунбиши байналхалқии ҷамъиятии «Сулҳофарӣ» бо дастгирии Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав ва МДБ «Хонаи миллатҳои Москва» баромад карданд.

Источник