Фото: donghyuk ahn с сайта Pixabay.
Ба наздикӣ якбора дар ду шаҳри калони Россия, Москва ва Уфа, рӯзҳои маданияти Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он ҷо устодони санъат барномаи ба шарафи дӯстии ду кишвар махсус офаридашударо намоиш медиҳанд. Чорабинӣ дар Москва 24 октябр соати 19:00 дар Театри давлатии академикии хурд баргузор мегардад. Дар он ҳофизон Нигина Амонқулова, Чоршанбе Аловатов, Зафар Абдуалимов, Муҳаммадрафи Кароматулло, Олимҷон Солизода, инчунин ҳунармандони театри давлатии опера ва дастаҳои рақсии «Гулрез» ва «Зебо» иштирок мекунанд. Инчунин дар театр намоишномаи санъати амалии тоҷик низ баргузор мегардад