Фото:© РИА Новости / Денис Гришкин.
Қаблан дар Русия маҳдудиятҳо ба рафту омади нақлиётӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ки аз сабаби COVID-19 ворид карда шуда буданд, бекор карда шуда буданд. Барои ҳамин, чораҳои муваққатии ба муҳоҷирон барои дар кишвар бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда будубош доштан имкондиҳанда бекор карда шуданд. Бо ин, ба хориҷиён вақт пешкаш карда шуда буд, то ки будубоши муваққатии худро қонунӣ гардонанд ё ки ба қайд гирифта шаванд. То 13 октябр шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои будубоши баъдинаи қонунӣ дар ФР ҳуҷҷатҳои амалкунанда надоштанд, бояд ба мақомоти ҳудудии ВКД дар ҷойи будубош барои танзимкунии мавқеъи ҳуқуқии худ муроҷиат мекарданд. Қаблан, 17 август амали чунин сабукиҳо барои шаҳрвандони Абхазия, Белоруссия, Қазоқистон, Чин, Муғулистон ва Осетияи Ҷанубӣ, аз 3 сентябр – барои шаҳрвандони Арманистон ва Қирғизистон ба анҷом расида буд. АЗ 13 октябр бошад, чораҳои мазкури муваққатӣ барои шаҳрвандони ҳамаи кишварҳои дигар қатъ карда шуданд.