Фото: © Sputnik / Алексей Куденко.
Дар Москва зуҳуроти саҳеҳан инъикосгардидани «пудрати оилавӣ»-и муҳоҷирон пайдо шуд – вақте насли аввал омадагон дар бозори меҳнат ҷойи худро меёбад, аъзоёни баъдан омадаи оила бо ӯ дар ҳамин ҷой кор карданро оғоз мекунанд. Ҷиҳатҳои мусбии чунин зуҳурот дар чист, оиди ин дар мусоҳиба бо Sputnik муовини аввали Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Русия, раиси раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкории Русия бо Ӯзбекистон Игор Кругових нақл кард. «Ин хеле хуб аст, зеро мо ҳамаи ин одамонро медонем, онҳо моро медонанд, онҳо дар забони русӣ хеле хуб гап мезананд, онҳо ба ягон зуҳуроти экстремистӣ роҳ намедиҳанд», – мегӯяд ӯ. Чунин коргаронро дар Москва аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунанд, нақл мекунад Игор Кругових. Барои сокинони шаҳр ва корманди бовиҷдон чораҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ гардидаанд. Муфассалтар – дар видеои мо.