Маскав ва назди Маскав барои муҳоҷирони меҳнатӣ минтақаҳои бештар ҷалбкунанда гардиданд

Фото: РИА Новости/Алексей Филиппов.

Дар ин ҷо дар чоряки дуюм тақрибан 40% муҳоҷирониро аз ҳамаи ба Русия бо мақсади кор омадагон ҷой гирифтанд. Ин дар рӯзи якшанбе аз маводҳои хадамоти таҳлилии шабакаи аудиторӣ-машваратии FinExpertiza, ки дар ихтиёри ТАСС қарор дорад, бармеояд. «Тақрибан 40% аз шумораи ҳамаи муҳоҷирон дар Маскав ва назди Маскав қарор гирифтанд – ҳамагӣ 1,2 млн нафар. Инчунин қисми хиёди кормандони хориҷӣ дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград аз қайд гузаштанд (385,7 ҳазор нафар, ё ки 12,4% аз ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ)»,– гуфта мешавад дар маводҳо. Чӣ тавре ки аз ташлил бар меояд, ба шумораи минтақаҳои ҷалбкунандаи захираҳои сершумори меҳнатӣ аз хориҷа, кишвари Краснодар (86,2 ҳазор нафар, ё ки 2,8%), вилояти Иркутск (75,2 ҳазор нафар, ё ки 2,4%), вилояти Свердловск (69,3 ҳазор нафар, ё ки 2,2%), кишвари Приморйе (57,4 ҳазор нафар, ё ки 1,8%), вилояти Амур (54 ҳазор нафар, ё ки 1,7%), вилояти Самара (51,8 ҳазор нафар, ё ки 1,7%), кишвари Красноярск (50,6 ҳазор нафар, ё ки 1,6%) ворид шуданд. «Тақрибан 1 млн муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои дигари Русия паҳн шудаанд»,– қайд карда мешавад дар маълумотҳои FinExpertiza. Ҳамагӣ дар чоряки дуюм барои кор ба Русия 3,12 млн хориҷиён омадаанд. Ин аз нишондиҳандаи соли гузашта ба сеяк бештар аст, ки қимати чорякии рекордӣ на камтар аз дар шаш соли охирон гардид.

Источник