Ибодатҳои идӣ дар масҷидҳои пойтахт дар Иди Қурбон

Фото: Ведяшкин Сергей/АГН Москва.

Дар масчидҳои пойтахт 9 июл ибодатҳои бахшида ба ҷашнгирии Иди Қурбон баргузор мегарданд. Оиди ин ба Агентии навидҳои шаҳрии «Москва» муовини аввали раиси Шӯрои муфтиёни Русия ва Раёсати руҳии мусулмонони РФ, роҳбари дастгоҳи Шӯрои муфтиёни Русия, раиси Раёсати руҳии мусулмонони вилояти Маскав Рушан Аббясов хабар дод.

«Ҳамчун одат дар Маскав масчидҳои асосии мо ба Иди Қурбон кушода мешаванд. Дар Масҷиди Ҷомеъи Маскав дар соати 7:00 пахш ва амри маъруфи роҳбари руҳии мусулмонони Русия муфтӣ Шайх Равил Гайнутдин оғоз мешавад. Кадоме як масҷидҳо каме пештар кушода мешаванд, то ки ҷараёни одамонро ҷобаҷо кунанд. Ин масъала бо ҳукумати Маскав коркард карда мешавад. Хайрият, ки рӯзи истироҳат мешавад, ҷашни Иди Қурбон ба шанбе мутобиқ меояд. Тақводорон ба масҷид меоянд, амри маъруф гӯш мекунанд, намоз мехонанд. Баъдан – чӣ тавре ки ин ҷашни қурбонкунӣ аст – одамон ин маросимро иҷро мекунанд»,– гуфт Аббясов.

Источник