Русия барои нигоҳ доштани муҳоҷирон, пардохт кардани 1 млрд рубл дар як сол омода аст

Фото: Артем Геодакян/ТАСС.

Ҳукмати ФР шартнома дар бораи ҳамкорӣ байни Русия ва Тоҷикистонро дар соҳаи таъминоти нафақавӣ тасдиқ кард. Шартнома дар бораи мавқеъи лоиҳаи қонун барои тасдиқкунӣ ба Думаи давлатӣ бароварда шуд. Ҳуҷҷат дар Душанбе санаи 15 сентябри соли 2021 имзо карда шуда буд. Парламенти Тоҷикистон онро 13 апрели соли ҷорӣ тасдиқ кард. Шартнома танзими масъалаҳои пардохти нафақаро ҳам ба шаҳрвандони дар вақти шӯравӣ кор карда, ва ҳам дар давоми 30 соли охир дар ҳудудҳои ҳар ду давлат кор карда истодаро пешбинӣ мекунад. Арзиши махсуси лоиҳаи қонун дар ҳолати қабул карда шудани он барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар Русия мебошад, ки акнун ҳуқуқ ба нафақаи русиягӣ доранд. Коршиносон мегӯянд, ки ин ишораи иҷтимоӣ инчунин ба ҳолати душвори сиёсии атрофи кишварҳо вобаста мебошад. Масъалаҳои таъмини нафақавии шаҳрвандони собиқи шӯравии дар кишварҳои ИДМ ва Балтика истиқоматкунандаро аз соли 1992 Созишнома дар бораи кафолатҳои ҳуқуқҳои шаҳрвандони давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи таъминоти нафақавӣ ба танзим медаровард. Мутобиқи он, собиқаи корӣ новобаста аз ҷойи истиқомат ва ҷойи кор дар ҳудуди ИҶШС ҳисоб карда мешуд.

Источник