Дар Русия лоиҳа оид ба омӯзонидани кӯдакони муҳоҷир ба забони русӣ «Бачагон дар ин ҷо» оғоз дода мешавад

Фото : Павел Бедняков / РИА Новости.

Аз рӯи маълумотҳои ВКД дар Русия 140 ҳазор кӯдакони муҳоҷир таҳсил мегиранд. Ба мактаб омада, онҳо аксаран забони русиро хуб намедонанд ва бо оинҳои русиягӣ шинос нестанд. Ҳадди ақал, ҳамон қадар кӯдакони кӯчидагон ба мактаб аз сабаби надонистани забон ташриф намеоранд. Ҳамаи ин кӯдакон аллакай шаҳрвандони Русия мебошанд ё ки буда метавонанд. Қисми зиёди онҳо – баромадагон аз Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва ва Тоҷикистон мебошанд. Вазифаи лоиҳаи «Бачаҳо дар ин ҷо» – ёрӣ додан ба кӯдакон дар гузоштани қадамҳои аввал дар мутобиқшавӣ ба муҳити нави забонӣ ва маданӣ ва дар оянда гаштани аъзоёни баробарҳуқуқи ҷамъияти бо як коди маданӣ ҳамҷоягардида мебошад. Онлайн-платформаи детиздесь.рф курсҳои омӯзишӣ аз омӯзгорони русӣ ҳамчун хориҷӣ ва муҳтавои бадеиро дарбар хоҳад гирифт: филмҳои тасвирии классикии шӯравӣ ва машҳури муосир ва силсилафилмҳо. Тамоми муҳтавои видеоӣ бо субтитрҳо дар забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва озарбойҷонӣ таъмин карда мешаванд. Инчунин барои хонандагон клубҳои суҳбатӣ оид ба мавзуъҳои мубрам гузаронида мешаванд. Санаи 6 июни дар ИТАР-ТАСС конфронси матбуотии «Омӯзонидани кӯдакони муҳоҷир ба забони русӣ ҳамчун воситаи интегратсияи онҳо ба ҷамъияти русӣ», ки ба Рӯзи забони русӣ бахшида шудааст, баргузор гардид. Дар чорабинӣ иштирок карданд: Галли Монастирева, Аъзои Раёсати Шӯро оид ба корҳои миллатҳои назди Ҳукумати Маскав <…>.

Источник