Ӯзбекистон ва Русия ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ рушд медиҳанд

Фото: © Sputnik / Павел Лисицын

Намояндаи Агентӣ оид ба муҳоҷирати берунаи меҳнатии Ӯзбекистон ба мақомоти давлатии русиягӣ барои ёрӣ дар амаликунии лоиҳаи интихобкунии муташаккили ӯзбекистониҳо барои кор дар корхонаҳо дар Русия изҳои миннатдорӣ намуд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik. Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи санҷишӣ оид ба воридкунии муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар сохтмонҳо ва корхонаҳои кишоварзӣ дар Русия соли 2021 оғоз шуда буд. Дар доираи лоиҳаи санҷишӣ ҷонибҳо нақшаи соҳиби ҷойи кор намудани 10 ҳазор ӯзбекистониҳоро доштанд. Дар бораи рафти амаликунии лоиҳа роҳбари намояндагии Агентӣ оид ба муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ дар Русия Саиднумон Мансуров рӯзи сешанбе дар намоишгоҳ-фурӯш дар Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Маскав нақл кард. «Ба ҳамаи мақомотҳои Федератсияи Русия барои он, ки ин лоиҳаро дастгирӣ карданд, ташаккур. Имрӯз ФМБА дар Ӯзбекистон қарор дорад, маркази муҳоҷиратии Сахарово дар Тошканд бахши худро кушод, маркази шиносномадиҳӣ-раводидӣ ҳамаи протседураҳоро ба анҷом мерасонад, барои кушодани ин хадамот, бо ин мо худ аллакай ҷараёнро соддатар мекунем»,– гуфт ӯ. Қарор дар бораи оғози барномаи санҷишӣ оид ба вуруди 10 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон ба сохтмонҳои русиягиро дар моҳи октябри соли 2021 сарвазири Русия Михаил Мишустин имзо кард.

Источник