Ёрии башардӯстона ба Донбасс миллатҳои гуногунро муттаҳид кард

@Светлана Сметанина/Фото предоставлено Международной волонтерской группой «Москва – Донбасс»

Иқдом оид ба ҷамъкунии ёрии башардӯстона барои сокинони Донбасс боз ҳам фароҳтар ва бисёрмиллата мегарданд. Дар рӯзҳои ҷорӣ ба амборхонаи Гурӯҳи байналхалқии ихтиёриёни «Маскав – Донбасс» фаъолони ҳизби «Единий Киргизстан» 10 тонна маҳсулоти хӯрока ва оби нӯшокиро дастрас карданд. Худи амборхонаро ба ихтиёриёни ҳамшаҳриёни Донбасс тоҷирони арманӣ пешкаш карданд. Ҳамаи онҳо мегӯянд, ки ҳангоми дидани фоҷиае, ки бошандагони Донбасс аз сар мегузаронанд, дар ҷониб истода наметавонанд. 10 тонна ёрии башардӯстона – ин 270 зарфи панҷлитраи об ва 450 қуттӣ, дар ҳар яки он – марҷумак, биринҷ, ярмаи ҷав, равғаи растанӣ, нахӯд, макарон, круассан, шакар, коғази ҳоҷатхона. Ин бори калонҳаҷмро ба амбори Гурӯҳи байналхалқии ихтиёриёни «Маскав – Донбасс» қирғизони дар Маскав истиқоматкунанда, фаъолони ҳизби «Бутун Кирзистан» (Қирғизистони ягона) ҷамъ карданд ва оварданд.

Источник