Фото: Global Look Press
Қонун дар бораи даромадан, баромадан ва будубоши хориҷиён дар Русия дар вақти наздиктарин қабул хоҳад гашт. Оиди ин ҷонишини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев хабар дод. Ба қонунгузорӣ ислоҳотҳо бояд даровард, меҳисобад собиқ президент ва собиқ сарвазири Русия. Кор оид ба баҳодиҳии қонунгузорӣ аллака рафта истодааст. Медведев қайд кард, ки гузаронидани таҳлили шартномаҳои байналхалқӣ ва мутобиқати онҳо ба лоиҳаи қонун дар пеш аст. Массиви қонунгузорӣ ба таври кофӣ «рангоранг» аст, давом дод муовини раиси Шӯрои амнияти Русия. Аз рӯи суханони ӯ, он муносибати бодиққатро талаб мекунад. Ба ғайр аз он, давом дод Медведев, дар шароити ҷорӣ набастани созишномаҳои нав бо кишварҳои дигар маъное надорад, агар онҳо бо зарурияти ҷиддӣ вобаста набошанд. Дар апрели соли 2021 президенти Русия Владимир Путин қонун дар бораи раводид барои шаҳрвандони давлатҳои нодӯст бо Русияро имзо кард. Инчунин Медведев барои васеъ кардани мубодилаи иттилоот дар бораи муҳоҷирон дар фазои баъдишӯравӣ даъват кард. Ҳоло иштирокчиёни созишнома дар бораи мубодилаи маълумотҳои шахсӣ Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Вале Маскав дар васеъкунии доираи иштирокчиёни мубодиларо ба хотири баландкунии амнияти муҳоҷиратӣ шавқманд аст.