Дар рӯзи Иди Рамазон масҷидҳои Маскав барои ҳамаи тақводорон кушода мешаванд

Фото : РИА Новости/Александр Вильф

Дирӯз дар толори конфронси Масҷиди ҷомеъи Маскав таҳти раёсати муовини аввали раиси РРМ ФР Дамир Муҳитдинов ҷаласаи кумитаи ташкилии «Иди Рамазон-2022» баргузор гардид. Дар чорабинӣ иштирок карданд: муовини раис, идоракунандаи корҳои РРМ ФР Рафиқ Фаттахетдинов, муовини раис – роҳбари дастгоҳи РРФ ФР Илдар Нуриманов, муовини раиси РРМ Илдар Аляутдинов, роҳбари шӯрои куҳансолони РРМ ФР Дамир Гизатуллин, инчунин кормандони раёсати руҳонӣ, имомҳои Масҷиди ҷомеъи Маскав. Дар рафти ҷаласа иштирокчиён ташкилот ва тартиби гузаронидани намози идонаи Ид-ал-Фитр дар масчидҳои ҷомеъи Маскав, Таърихӣ ва Ёддоштии Маскав муҳокима карданд. Дар ин сол аввалин маротиба баъд аз пандемияи коронавирус Covid19 дар намоз ҳамаи тақводорон иштирок карда метавонанд. Онҳое, ки шахсан ҳузур дошта наметавонанд, ба пахши мустақими амри маъруфи муфтӣ шайх Равил Гайнутдинро дар сомонаи Раёсати руҳии мусулмонон (оғози пахш дар 7:00) ё ки дар шабакаи телевизионии Россия 1 (оғози пахш дар 9:00) тамошо карда метавонанд.

Источник