Фото: РИА Новости/Мария Девахина
Госдума қарордоди байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Ӯзбекистонро оиди тартиби будубоши шаҳрвандон дар ҳудудҳои ду кишварро тасдиқ намуд, хабар медиҳад АИ REGNUM санаи 20 апрел. Қарордод санаи 21 майи соли 2021 дар шаҳри Маскав ва дар шаҳри Тошканд санаи 17 июни соли 2021 имзо карда шудааст ва озодкунии шаҳрвандони давлати як ҷонибро, ки дар ҳудуди давлати ҷониби дигар муваққатан будубош дорад, аз ӯҳдадории ба қайд гирифта шудан (ба қайд дар ҷойи будубоши онҳо) дар мақомотҳои салоҳиятдори давлати қабулкунанда дар давоми 15 рӯз аз санаи вуруд пешбинӣ мекунад. «Амаликунии қарордод ба пастшавии назорат дар соҳаи муҳоҷират оварда намерасонад»,– қайд кард муовири роҳбари ВКД Русия Игор Зубов дар рафти мусоҳиба. Муносибати монанд дар айни замон нисбати шаҳрвандони Белоруссия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон татбиқ карда мешавад. Ҷониби Ӯзбекистон қарордодро тасдиқ кард.