Тақрибан 3,9 ҳазор иҷозатномаҳо ба кор дар Маскав дар моҳҳои январ-март дода шудааст

РИА Новости/Павел Лисицын

Тақрибан 3,9 ҳазор иҷозатномаҳо ба кор ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав аз рӯи ҷамъбасти чоряки I соли 2022 дода шудааст. Оиди ин хадамоти матбуоти маҷмаи сиёсати иқтисодӣ ва муносибатҳои амволӣ-заминии пойтахт хабар додааст. «Ҳамин тавр, аз рӯи ҷамъбастҳои чоряки I соли 2022 дар Мскав 3 ҳазору 864 иҷозатномаҳо ба кор ба шаҳрвандони хориҷӣ дода шудааст, аз онҳо 3 ҳазор 268 ё ки 84,6% иҷозатномаҳо ба мутахассисони баландихтисос (МБИ), боқимонда – ба мутахассисони тахассуснок (5,7%) ва аз рӯи квотаҳо коркунандаҳо (9,8%). Дар муқоиса бо давраи топандемиявии январ-марти соли 2020 шумораи иҷозатномаҳо ба кор, ки дар Маскав ба МБИ-и хориҷӣ дода шудааст, ба 2,5% афзудааст. Дар соли 2021 ба Маскав бештар аз 46% иҷозатномаҳо ба кор ба МБИ-и хориҷии дар Русия коркунанда рост омадааст»,– оварда мешавад дар хабар суханҳои вазири ҳукумати Маскав, роҳбари департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳр Кирилл Пуртов.

Источник