Фото ТАСС
Омор аз рӯи кишварҳоро нашрияи FinExpertiza дар асоси маълумотҳои ВКД ФР овардааст. Байни кишварҳои минтақа Тоҷикистон пешсаф аст, ки 103,7 ҳазор зодагони он русиягӣ гаштаанд. Дар ҷойи дуюм истиқоматкунандагони Қазоқистон (49,9 ҳазор нафар), дар сеюм – ӯзбекистониён (31,9 ҳазор нафар), дар чорум – қирғизистониён (19,2 ҳазор нафар). Зодагони Туркманистон аз сабаби камшумории худ ба тоифаи «кишварҳои дигар» ворид гаштанд, ки шумораи онҳо тақрибан 23 ҳазорро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар соли 2021 шаҳрвандии Русия ба 735,4 нафар хориҷиён пешкаш карда шуд, ки ҳадди ақал аз соли 2000-ум рекорд гашт.