Фото: «Шатер Рамадана»
Санаи 2 апрел дар майдони назди Масҷиди ёддоштӣ дар Поклонная гора дар Маскав кушодашавии идонаи Чодари Рамазон ва XVI фестивали ҳамноми маданиятҳо ва оинҳои халқҳои гуногун баргузор мегардад. «Хаймаи Рамазон 2022» таҳти шиори «Гуногунии маданиятҳо. Роҳ ба ваҳдат» гузаронида мешавад ва санаи 3 май ба анҷом мерасад. Ҳамарӯза дар соатҳои даҳонкушоӣ баъд аз рӯза «Хаймаи Рамазон» меҳмононро қабул карда, онҳоро бо ифтори бо оинҳои халқиятҳои мусулмони ҷаҳон пухташуда меҳмон мекунад. Барномаи маданӣ-маърифати «Хаймаи Рамазон» ба кушодани мавзуъи гуногунии маданияти халқҳо, нигоҳдории худогоҳии халқҳо ва халқиятҳо нигаронида мешавад. Барномаҳои худро дар доираи он бештар аз 10 кишварҳо, аз он ҷумла, АМА, Туркия, Қатар, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, инчунин халқҳои зиёди мусулмони Русия пешкаш мекунанд. Меҳмонони «Хаймаи Рамазон» намояндагони оинҳои дигари динӣ, мақомоти ҳукумат, арбобони санъат, варзишгарон ва дигарон хоҳанд буд. Барномаи маданӣ қабл аз даҳонкушоӣ дар дохили хайма ва бо пахши берунаи видеоӣ хоҳад гузашт.