Фото: акции «Рамадан Керим — 2022»
Санаи 1 апрели соли 2022 қабули аризаҳо аз муҳтоҷони шаҳри Маскав ва назди Маскав барои гирифтани маҷмуаҳои хӯрока дар доираи иқдоми «Рамазони Карим – 2022» оғоз меёбад. Ба ғайр аз он, дар хаймаи махсус бунёдкардашуда дар ҳудуди Масҷиди ҷомеъи Маскав ҳамарӯза садҳо тақводорон бо ифтори гарм таъмин карда мешаванд. Иқдом аз ҷониби Раёсатируҳии мусулмонони ФР бо фатвои муфтӣ шайх Равил Гайнутдин ва бо дастгирии эҳсонкор Сулаймон Каримов гузаронида мешавад. Барои гузаронидани иқдом маркази тамос офарида шудааст. Дар давоми моҳи рамазон ҳамарӯза аз соати 10:00 то соати 18:00 ба ғайр аз шанбе тавассути рақами 8 495 150 16 70 дархостҳо қабул кара мешаванд. Додани маҷмуаҳои хӯрокворӣ дар ҳудуди Масҷиди ҷомеъи Маскав ташкил мкарда мешавад. Рӯз ва вақти супоридан аз рӯи дархостҳо ба аризадиҳанда ҳангоми занг ба маркази тамос хабар дода мешавад. Иқдоми «Рамазони Карим» аз ҷониби Раёсати руҳии мусулмонони ФР бо дастгирии эҳсонкор Сулаймон Абдусаидович Каримов давъаи сеюм гузаронида шуда истодааст.