Муҳоҷирони дар метрои Маскав кормандони политсияро зада дар назди суд хоҳанд истод

Фото: Кристина Кормилицына / Коммерсантъ

Дар Маскав тафтиш нисбати муҳоҷироне, ки дар метро кормандони политсияро задаанд, ба анҷом расид. Дар вақти наздиктарин ҳар дуи онҳо дар назди суд хоҳанд истод. Оиди ин рӯзи чоршанбе, 30 март ба «Лента.ру» намояндаи расмии раёсати Кумитаи тафтишотии Русия (КТР) дар пойтахт Юлия Иванова хабар дод. Мардони 18 сола ва 21 сола аз рӯи моддаи 318 («Татбиқи зӯроварӣ нисбати намояндагони ҳокимият») КҶ ФР айбдор карда мешаванд. Муайян гардид, ки муҳоҷирон дар ҳудуди Русия ғайриқонунӣ қарор доштаанд, дар ташкилотҳои гуногуни тиҷоратӣ кор мекарданд ва дар утоқи иҷорагирифташуда истиқомат доштанд. Акнун кордеҳони онҳо ва одамоне, ки ба онҳо манзилро пешкаш кардаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ ҷалб хоҳанд кард. Санаи 17 феврал дар истгоҳи метро «Тулская» кормандони политсия ду зодагони Тоҷикистонро бо онҳо барои муайянкуни шахсият рафтанро хоҳиш карданд. Онҳо рад карданд, баъдан ҳамла карданд. Яке аз гумонбаршавандагонро дарҳол дар ҷой дастгир карданд, дуюмаш ба кофтуков эълон карда шуд. Ӯро рӯзи дигар дастгир карданд.

Источник