Дар Маскав 27 март «Наврӯз» ҷашн гирифта мешавд.

Фото: пресс-служба общегородского праздника Навруз

Дар якшанбеи охирони моҳи март дар Маскав Иди байналхалқии баҳор «Наврӯз»-ро ҷашн мегиранд. Наврӯз (соли нави форсӣ) – иди қадимаи халқҳои эронизабон ва баъзе халқҳои туркзабон аст, ки нишонаи фаро расидани баҳор ва навшавии табиат мебошад. Онро дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Туркия, Македония, Албания, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, инчунин дар ҳудуди Федератсияи Русия – дар Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва баъзе ҷумҳуриҳои миллии дигар ҷашн мегиранд. Аз онҳо Маскав низ, бо назардошти таркиби бисёрмиллатаи аҳолии пойтахти Русия оқиб намемонад. Дар ин ҷо Наврӯз аллакай 16 сол ҷашн гирифта мешавад, дар ин сол дуюмин маротиба онлайн баргузор мегардад. Пахши мустақим санаи 27 март аз соати 12:00 то 18:00 дар сомонаи расмӣ navruz.online, дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» ташкил карда мешавад. Ба чорабиниҳои идона шахсони дилхоҳ ҳамроҳ шуда метавонанд. Барномаи пахши онлайнӣ ба таври максималӣ ба ҷашнгирии оинии Наврӯз наздик карда шудааст ва муаррифии диаспораҳои миллӣ, таъомҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳо ва ҳунарҳоро дарбар мегирад. Ҷашн бо дастгирии Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав баргузор мегардад.

Источник