Будубоши дарозмуҳлати муҳоҷирон ба Русия бо муҳлати саҳеҳ маҳдуд карда намешавад

© Владимир Смирнов/ТАСС

Тартиби будубоши дарозмуҳлати муҳоҷирон ба Русия бо муҳлати саҳеҳ маҳдуд карда намешавад. Оиди ин ба ТАСС сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова хабар дод. ВКД лоиҳаи қонунеро омода намудааст, ки дар Русия будани се тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ – будубоши кӯтоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат, инчунин истиқомати доимиро пешбинӣ мекунад. Дар айни замон ҳуҷҷат протседураҳои мувофиқакунии сатҳи байниидоравиро мегузарад.

«Хусусияти муҳими лоиҳаи қонун пешкаш карда шудани ҳуқуқ ба будубоши дарозмуҳлати шаҳрванди хориҷӣ бе маҳдудкунии саҳеҳи муҳлат мебошад. Муҳлати будубоши дарозмуҳлат бо муҳлати мавқеъи ӯ муайян карда мешавад. Масалан, барои донишҷӯ – ин давраи омӯзиш, барои коргари хориҷӣ – давраи амалӣ карда шудани фаъолияти меҳнатӣ, барои иштирокчиёни барномаи давлатӣ – муҳлати амали мавқеъи мутобқи (5 сол)»,– гуфт Казакова. Ӯ инчунин қайд кард, ки бо мақсади ба амал баровардани назорат аз болои лоиҳаи қонун як қатор ӯҳдадориҳо барои шаҳрвандони хориҷии будубоши дарозмуҳлатдошта муқаррар карда мешавад.

Источник