Қирғизистон аз Русия соддагардонии протседураи муоинаи тиббии муҳоҷиронро хоҳиш намуд

Текст: Елена Мирошниченко  Фото: пресс-служба ГУ МВД России по Московской области

Қирғизистон кушодани роҳрави алоҳидаро барои муҳоҷирон аз кишварҳои ИИАО барои гузаштани ташхиси тиббии ҳатмиро аз 29 декабри соли 2021 хоҳиш намуд, хабар доданд дар хадамоти матбуоти ВКХ-и ин кишвар. Чӣ тавре ки ба РИА «Новости» дар хадамоти матбуот, аз оғози сол душвориҳои гузаштани протседураҳои дар боло нишондодашуда аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ба назар мерасанд. Дар айни замон ҳамаи протседураҳои ҳатмиро барои қирғизистониёни дар Маскав ва вилояти Маскав будубошдошта, дар марказҳои бисёрфунксионалии муҳоҷиратӣ мегузаронанд, ки дар он ҷо навбатҳои калон ба назар мерасанд. «Ҳабдаҳуми феврали соли 2022 ба ВКХ ФР нотаи сафоратхонаи ҶҚ (Ҷумҳурии Қирғизистон) дар Русия бо хоҳиши мусоидат кардан дар кушодани роҳрави алоҳида барои шаҳрвандони давлатҳо-аъзоёни ИИАО дар муассисаҳои ваколатдори Россия оид ба гузаронидани ташхиси тиббӣ, бақайдгирии дактилоскопӣ ва суратгирӣ, инчунин дар маркази «Сахарово» равона карда шуд»,– иброз дошт намояндаи хадамоти матбуот. Ӯ саҳеҳ кард, ки идораи сиёсати берунаи Қирғизистон ва сафоратхона дар Русия «кори муттасилро бо ҷониби русиягӣ оид ба танзим ва соддакунии протседураи гузаштани ташхиси тиббӣ ва дактилоскопияро мутобиқи қонунгузории Русия давом медиҳанд».

Источник