Фото: Иван Шилов/ИА Регнум
Русия ба муҳоҷирон эҳтиёҷ дорад. Оиди ин 10 феврал депутати Думаи давлатии ФР Артём Кирянов («Единая Россия») дар нишасти матбуот дар Маскав арз кард. Тибқи нуқтаи назари вакил, бе омадани қувваи корӣ рушди Русияро таъмин кардан имконнопазир аст. «Нисбати баҳодиҳии муҳоҷират ҳамчун зуҳурот – бо он розӣ нашуда наметавонам, ки кишвари ба таври муқаррарӣ рушдёфтаистода ба омадани қувваи корӣ ниёз дорад. Ягон мисоле набуд, эҳтимол, вақте ки гурӯҳи танги дар дар муҳосираи худ буда ба самараҳои назаррас расида бошад. Ин гурӯҳро касе ба ғуломон табдил додааст, ё ки он дар гурӯҳи экспансионистикӣ маҳлул гаштааст. Барои ҳамин муҳоҷират барои Русия – як чизи мусбист. Мо ба захираҳои меҳнатӣ талабот дорем»,– гуфт Кирянов.