Фото с сайта mk.ru
Муҳоҷират байни кишварҳо ҷараёни мусбӣ мебошад. Оиди ин 10 феврал аъзои шӯрои ҷамъиятии назди ВКД, мутахассис дар соҳаи ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ Владимир Волох дар нишасти матбуотӣ дар Маскав иброз дошт. «Агар муаммои муҳоҷиратро умуман баррасӣ намоем – ин зуҳуроти мусбӣ аст. Ин мулоқотро байни давлатҳои гуногун беҳтар мекунад. Вақте ки мо оиди муҳоҷират гап мезанем – на танҳо ба мо меоянд, мо низ меравем»,– гуфт Волох. Инчунин ӯ иброз дошт, ки шумораи ҷиддии муҳоҷирон ба Русия дар алоқамандӣ бо мубодилаи маданӣ ё ки рӯйдодҳои варзинӣ меоянд. «Вале аз шумораи умумии муҳоҷирон, ки дар як сол меоянд, дар соли 2022 онҳо 7 миллион нафар буданд, аз ин шумора 2-2,5 миллион – муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Бояд қайд намоем, ки бештари мутлақ – одамони итоаткунандаи қонун ҳастанд»,– қайд намуд арбоби ҷамъиятӣ.