Лавров: Русия ба кушодани марказҳои омодакунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои ИДМ кӯшиш мекунад

Фото: пресс-служба ГУ МВД России по Московской области

Маскав барои кушодани марказҳои омодакунии муташаккили муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳое, ки аз онҳо ба Русия миқдори нисбатан бештари онҳо равона мегарданд, назари исрор дорад. Оиди ин вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ҳангоми баромад дар соати ҳукуматӣ дар рафти маҷлиси пленарии Госдума арз кард. «Ҳоло [оиди кушодани чунин марказҳо] назари исрор дорем, бо кишварҳое, ки ҳаҷми асосии муҳоҷирони меҳнатиро пешкаш мекунанд, ин ҳам Қирғизистон, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон, бо онҳо оиди он маслиҳат мекунем, то ки дар ин кишварҳо марказҳои омодакунии муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил карда шаванд»,– гуфт ӯ. Аз рӯи суханони вазир, чунин марказҳо омодакунии муҳоҷиронро аз рӯи забони русӣ ва дониши қонунгузории ФР ба амал бароварда метавонистанд. Лавров қайд кард, ки ҳолате, ки бо муҳоҷирон ба амал омадааст, хусусан, вақте ки сухан дар бораи воқеаҳо бо иштироки онҳо меравад, дар ҷамъият нуқтаи назари ҳассосро ба миён меорад. Ӯ қайд кард, ки ҳоло ба ин муаммо тибқи фаъолияти ВКД диққати хеле ҷиддӣ дода мешавад. «Фаҳмост, ки ин ҷараёнҳо дар ҷамъият имрӯз нуқтаи назари гуногунро ба миён меоранд, мебинем, ки ин рӯйдодҳо бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумҳуриҳои бо мо ҳамсоя чӣ тавр ҳассос қабул карда шуда истоданд»,– илова кард ӯ.

Источник