Дараҷаи музди маоши муҳоҷирон дар Русия аз дониши забони русӣ вобаста аст. Оиди ин президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов дар нишасти матбуотӣ дар Маскав иброз дошт. Ин вобастагиро тадқиқоти байни қариб 5 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ аз Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гузаронидашуда тасдиқ кард; «Муайян гардид, ки даромади одамон 40% фарқ мекунад. Яъне онҳое, ки забони русиро хуб намедонанд, ба миқдори миёна 37 ҳазор маош мегиранд, онҳое, ки мегӯянд, ки забони русиро хуб медонад, ба миқдори миёна 49 ҳазор мегиранд», — гуфт Коженов.
Другие новости
No related posts.