Вазорати хориҷаи Русия бозтоби кишвар ба муҳоҷиронро василаи мубориза бо ифротгароӣ номид.

Фото: www.interfax.ru.

Александр Стерник, директори департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки Маскав ҳифзи дастрасии шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба бозори меҳнати Русияро василаи мубориза бо афзоиши эҳсоси ифротгароӣ дар ин кишварҳо медонад.

Стерник дар мусоҳиба бо Интерфакс дар посух дар бораи то чӣ андоза хатари пухта расидани идеологии ячейкаҳои ифротгаро дар Осиёи Марказӣ дар пасманзари ба трамплини террористон табдил ёфтани Афғонистон ва ҳамчунин мушкилоти иҷтимоӣ то чӣ андоза бузург буданаш ба суоли хабарнигори Интерфакс гуфт: «Замини афзоиши эҳсосоти ифротгароӣ дар ҳар ҷое вуҷуд дорад, ки мушкилоти шадиди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ вуҷуд дорад. Ягон минтақа истисно нест. Таблиғоти радикалӣ ба шарофати василаҳои муосири иртиботӣ марз намедонад.»

https://www.interfax.ru/russia/805372