Фото: © pixabay.com.
Вазорати корҳои дохилӣ ба таҳияи тарҳи қонуне шурӯъ кардааст, ки ба ҳалли масъалаҳои тамдиди муҳлати будубоши муваққатӣ дар Русия барои фарзандони донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд ва ҳамчунин муҳоҷирони корӣ нигаронида шудааст. Огоҳиномаи дахлдор дар бораи таҳияи лоиҳаи қонун дар портали федералии лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ ҷойгир карда мешавад.
Дар хабар оварда мешавад: “Дар давраи баррасии ариза барои гирифтани иқомати муваққатӣ, зарурати даровардани тағйирот ба моддаи 5-и Қонуни федералӣ [«Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия»] дар қисмати тамдиди мӯҳлати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Русия барои фарзандони донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таълимии Русия таҳсил мекунанд, шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар асоси патент кор мекунанд ва шаҳрвандони хориҷӣ (аз ҷумла ноболиғон) мавҷуд аст”.