Путин ба хориҷиёни бо Қувваҳои мусаллаҳи ФР шартнома баста гирифтани шаҳрвандии Россияро дар тартиби соддакардашуда иҷозат дод

Олеся Павленко/Фото: Глеб Щелкунов, Коммерсантъ

Президенти Россия Владимир Путин ба фармоне тағйирот ворид намуд, ки ба шаҳрвандони хориҷии барои адокунии хизмати ҳарбӣ дар қувваҳои мусаллаҳ, гирифтани шаҳрвандии ФР дар тартиби соддакардашуда имкон медиҳад. Барои гирифтани шаҳрвандӣ ба хориҷии дар амалиёти махсус иштирок карда истода, бастани шартнома ба як сол кифоя аст. Мутобиқи ҳуҷҷат, тағйиротҳо ба фармони президент аз 30 сентябри соли 2022 «Дар бораи ба шаҳрвандии ФР қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки оиди адокунии хизмати ҳарбӣ шартномаҳо бастаанд» ворид карда мешаванд. Чӣ тавре ки аз матн бармеояд, ки хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки шартномаҳоро ба хизмати ҳарбӣ ба муҳлати як сол дар даври амалиёти ҳарбӣ дар Украина бастаанд, барои гирифтани шаҳрвандӣ дар тартиби соддакардашуда муроҷиат карда метавонанд. Тартиби соддакардашуда инчунин ба аъзоёни оилаи онҳо ворид карда мешавад.

Источник