Иттиҳодияҳои миллӣ-маданӣ ва ҳамшаҳриён дар Москва мусобиқаҳои варзишӣ мегузаронанд

Фото: НацАкцент

Спартакиадаи даҳуми иттиҳодияҳои миллӣ-маданӣ ва ҳамшаҳриён дар москва 24 июн баргузор мегардад. Дар боғи «Соколники» барномаи ғании варзишӣ мегузарад, ҳунармандон ва дастаҳои эҷодӣ баромад хоҳанд кард. Дар давоми тамоми рӯз дар майдончаи спартакиада мусобиқаҳо оид ба стритбол, волейбол, варзиши сангбардорӣ, армрестлинг, мас-рестлинг, тенниси рӯимизӣ, мини-футбол, мини-волейбол, шоҳмот ва нарда байни мардон ва занон хоҳанд гузашт. Ба меҳмонон намудҳои миллии варзишро низ пешкаш хоҳанд кард: гӯштингирӣ бо камарҳо ва гӯштини халқҳои Сибир ва Шарқи Дур. Хоҳишмандон метавонанд дар мастер-класс оид ба тирпаронӣ аз камон иштирок кунанд. Чорабиниро Хонаи миллатҳои Москва бо дастгирии Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Москва ташкил мекунад.

Источник