Фото: Ольга Чумаченко
Бегоҳии дер ба БМД «Жилишник района Строгино» Усмон Мелиев аз диспетчерхона занг заданд: ёрӣ додан лозим! Сокинзани хонаи 1, бинои 2 дар гузаргоҳи Неман тасодуфан ба партовгоҳ кадоме як ҳуҷҷатҳои пурарзишро партофтааст… «Ман машғул шудан бо ин муамморо пагоҳии барвақт ваъда додам ва соати 6:00 бо дӯсташ Ҷамшед ба назди хона омадам», – нақл кард Усмон. Дар назди даромадгоҳ онҳоро зани пурҳаяҷон интизор буд. Муайян гардид, ки дар вақти тозакунии умумӣ ӯ донагиҳои кӯҳнаро партофтааст. Вақте ки шавҳараш ба хона омад, сарашро қапид: дар донагиҳо ӯ 5 миллион рублро пинҳон карда будааст. Гӯё, ба занаш барои зодрӯз мошин хариданӣ будааст.