Ба донишҷӯён-хориҷиён ҳаёт дар Русияро сабук мекунанд

Алла Шеляпина/Фото:Пресс-служба Минпросвещения России.

То вақтҳои наздик ҳаёти донишҷӯи хориҷӣ дар Русия бо даҳҳо душвориҳои алоқаманд, пеш аз ҳама, бо расмикунонии мавқеъ ва муносибати байниҳамдигарӣ бо хадамоти муҳоҷиратии ВКД Русия торик карда мешуд. Вале акнун ҳолат бояд тағйир ёбад. Агар шумо ақаллан як маротиба, масалан, дар маркази муҳоҷиратии Сахарово ташриф офарда бошед, бачаҳо аз кишварҳои дигарро мефаҳмед. Тағйиротҳои якбора дар хониши дуюм ва сеюм тасдиқгардида ба қонуни федералии «Дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» бояд ба донишҷӯён-хориҷиён протседураҳои зиёди гирифтан ва ба расмият даровардани мавқеъи худ дар ҳудуди Русияро осон гардонад. Асосиаш – аз рӯи қонуни нав додани «Иҷозатнома ба истиқомати муваққатӣ бо мақсади гирифтани таҳсил» (ИИМТ) пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷҷати нав бо истиснои квотаи муқарраргардида дода мешавад; ҳангоми мавҷудияти он додани ҳарсолаи хабарнома оиди истиқомат талаб карда намешавад, зарурияти ҳангоми рафтан ба шаҳри дигар ё ки ба хона дар вақти таътил, аз қайди муҳоҷиратӣ баровардан ва такроран гузоштан ва дигари зиёд бекор карда мешавад.

Источник